Ссылки доступа

Эмомалӣ Раҳмон дар Фаронса. Оё Макрон талаби мухолифинро ба ӯ мерасонад?


Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, пас аз дидору гуфтушунидҳо дар Брюссел, сафари аврупоияшро дар Фаронса идома медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки намояндагони мухолифини тоҷик дар баъзе аз шаҳрҳои аврупоӣ ба зидди сафари ӯ гирдиҳамоӣ карданд.

Дафтари матбуоти президент дар хабарномае гуфт, Эмомалӣ Раҳмон дар Париж (Порис) бо ҳамтои фаронсавиаш Эммануэл Макрон мулоқот хоҳад кард. Гуфта мешавад, вазъи Афғонистон яке аз мавзуъҳои асосии гуфтугӯи роҳбарони Тоҷикистону Фаронса хоҳад буд.

Тоҷикистон ва Фаронса аз кишварҳое ҳастанд, ки ба зидди эътирофи ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон садо баланд карданд. Дақиқ нест, дар дидори Раҳмон ва Макрон чӣ барномаҳо дар мавриди Афғонистон баррасӣ хоҳанд шуд. Дар гузашта Фаронса аз Эътилофи Шимол дар Афғонистон пуштибонӣ кардааст.

Дар остонаи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо мухолифони ҳукумат аз Иттиҳоди Аврупо ва ҳамчунин раиси ҷумҳури Фаронса хостанд, чанд талаби онҳоро ба Эмомалӣ Раҳмон бирасонанд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ, қароргоҳаш дар Лаҳистон (Полша), аз мақомоти аврупоӣ, аз ҷумла Макрон хост, аз Эмомалӣ Раҳмон "озодии мухолифони сиёсӣ"-ро тақозо кунанд.

Аз соли 2015 ба ин сӯ Олмону Лаҳистон, Фаронса ва кишварҳои дигари Аврупо садҳо шаҳрванди Тоҷикистонро ҳамчун паноҳҷӯ пазируфтанд. Дар миёни онҳо ҷонибдорони ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ, "Гуруҳи 24", хабарнигорону тоҷирон ва ҳомиёни ҳуқуқ низ ҳастанд.

Аксари ин афрод далели рӯ оварданро ба Аврупо ба таъқибу саркӯб ва фишори афзоянда болои дигарандешон дар Тоҷикистон ва парвандаҳои сохтаи зидди онҳо рабт медиҳанд. Мақомоти Тоҷикистон баъзе аз онҳоро расман ба терроризму ифротгароӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои фаъолияташон мамнуъ дар кишвар гунаҳкор мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон шоми 10-уми октябр ба Аврупо рафт ва то 14-уми октябр дар онҷо хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG