Ссылки доступа

Коргарони бурҷи "Абу Даби Плаза" дар Нурсултон эътироз доранд: корфармо маош намедиҳад


Рӯзи 13 октябр коргарони ширкати "WMG", ки дар сохтмони бурҷи "Абу Дабӣ Плаза" дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон кор мекунанд, эътироз карданд.

Сабаби асосии эътироз - пардохт нашудани моҳона аст.

"Моҳона пардохт намешавад. Пардохтҳои нафақа ҳам ним сол аст, ки ворид намешаванд. Мо ҷамъ шудем, ки ин эътирозҳоро расонем. 22 дарсади моҳонаро нигаҳ медоранд ва бо ҳамин онҳоро ба суратҳисоб интиқол намедиҳанд", - гуфт Жанарбек Марат, яке аз коргарон.

Коргарон гуфтад, онҳо пайваста то рӯзи 10 ҳар моҳ маошро дарёфт мекарданд, аммо моҳи гузашта моҳонаи онҳо 10-15 рӯз бештар нигаҳ дошта шудааст.

"Зоҳиран, ин моҳ низ чунин мешавад. Мо дар пардохти қарз ва иҷораи манзил мушкилӣ мекашем. Мо мардуми маҳаллӣ нестем. Ҳамаи мо зану фарзанд дорем. Зимистон наздик аст, куҷо меравем?", - савол мегузоранд коргарон.

Яке аз намояндагони ширкати WMG гуфт, маоши коргарон то рӯзи 15 октябр пардохт хоҳад шуд.

Дар ин эътироз наздики 200 тан аз коргарон ширкат доранд.

Сохтмони бурҷи "Абу Дабӣ Плаза" дар Қазоқистон соли 2009 шуруъ шуд. Барои амалисозии ин тарҳ байни ҳукумати Қазоқистон бо ҳукумати Имороти Арабӣ созишномаи вижа имзо шуд.

Дар солҳои гузашта низ коргарон аз пардохт нашудани моҳона шикоят карда буданд.

XS
SM
MD
LG