Ссылки доступа

Дар Қирғизистон 387 худпешбар мехоҳанд, вакили порлумон шаванд


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон гуфт, марҳилаи қабули асноди номзадҳо ба мақоми вакилии порлумони ин кишвар ба поён расид.

Ба огаҳии комиссия, 387 нафар номзадии худро ба мақоми вакилии порлумони Қирғизистон аз тариқи худпешбарӣ пешниҳод кардааст.

Дар миёни онҳо вакилони пешину кунунии порлумон, мансабдорони собиқ ва фаъолони ҷамъиятӣ низ ҳастанд.

Интихоботи навбатии порлумонии Қирғизистон қарор аст, 28 ноябри имсол баргузор шавад. Порлумони нави ин кишвар 90 вакил хоҳад дошт, ки 54 тои он бар асоси рӯйхати ҳизбӣ интихоб мешавад.

XS
SM
MD
LG