Ин мояҳо субҳи 13 октябр тавассути ҳавопаймои масири Истамбул-Тошканд ба Узбекистон интиқол дода шудаанд.
Дар Вазорати тандурустии Узбекистон гуфтанд, ваксинаи "Sinovac"-ро дар асоси созишномаи грантие дарёфт карданд, ки миёни Анқара ва Тошканд ба имзо расида буд. "Sinovac" шашумин ваксинаест, ки бо онҳо узбекистониҳоро зидди коронавирус эм мекунанд.
Аз ин пеш, Узбекистон барои эм кардани шаҳрвандони худ зидди коронавирус ваксинаҳои "AstraZeneca" (Бритониё), "ZF-UZ-VAC2001" (Чин), "Спутник V" (Русия), "Moderna" (ИМА) ва "Pfizer / BioNTech" (ИМА/Олмон)-ро дарёфт карда буд.
Ба иттилои вазорат, захираи ваксинаи ин кишвар дар ҳоли ҳозир ба 28 673 528 моя расидааст.