Ссылки доступа

Масъули ҷанҷол дар Мастчоҳ ҳабс шуд, вале ҷабрдида қонеъ нест (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Масъули ҷанҷол дар Мастчоҳ ҳабс шуд, вале ҷабрдида қонеъ нест. Додгоҳи ноҳияи Мастчоҳ Юсуф Раҷабзода, ҷавонеро, ки писари аммаашро бо панҷшох захмӣ карда буд, панҷ сол аз озодӣ маҳрум кард. Бар асоси қонуни авф аз се як ҳиссаи ҷазои ӯро кам мекунанд. Наздиконин ҷабрдида аз ҳукм норозиянд. (видео)

- Мақомот номаи пеш аз худкушии сокини ноҳияи Айниро тафтиш мекунанд. Мақомоти додситонӣ ва Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Айнӣ номаи Ғиёсиддин Аюбзодаи 27-сола, корманди собиқи “Амонатбонк”-ро, ки пеш аз худкушӣ навиштааст, таҳқиқ мекунанд. (видео)

- Суҳбати Рамшо Шифо аз зулми Толибон, ятимӣ, дар ба дарӣ ва овозхонӣ. Рамшо Шифо, овозхони афғони муқими Амрико, ки аз замони тифлӣ ҷабри Толибонро кашидааст, мегӯяд, умедвор аст, ояндаи занони афғон хуб мешавад, аммо на дар аҳди Толибон. Рамшо Шифо, ки волидонашро дар дусолагиаш Толибон куштаанд, дар бораи занони афғон ва зиндагии худ ба Хиромон Бақозода қисса кард (видео)

- Пули қандилҳои кӯчагии Кӯлобро кӣ пардохт мекунад? (видео)

- Вайронаҳои Панҷакенти қадимро обод мекунанд. Дар Тоҷикистон тармиму бозсозии шаҳри Панҷакенти қадима оғоз ёфт, ки бо сармоягузории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷараён мегирад. Ёдгории машҳури бостонӣ 17 гектар масоҳат дорад ва тарҳи эҳё ва ҳифзи он дар озмуни нигаҳдории ёдгориҳои бостонии Осиёи Марказӣ пирӯз гардид. (видео)

- Наргис Бандишоева. Дурахшиду рафт. ​Агар умр вафо мекард, овозхони маъруф Наргис Бандишоева 8-уми октябр ба синни 55 мерасид. Ӯ моҳи сентябри соли 1991 ба таври фоҷиавӣ дар як садамаи роҳ ҷон бохт. (видео)

- Муҷозот барои таълими ғайрирасмии динӣ шадидтар мешавад. (видео)

- Муродбек Насриддинов: "Ҳунарманд бояд сабку садои худро дошта бошад". Муродбек Насриддинов, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон рӯзи 6-уми октябр ба синни 70 расид. Радиои Озодӣ ба ин муносибат бо ӯ суҳбате дошт ва аз кору рузгораш пурсид (видео)

- Ҳоли паноҳҷӯёни афғон дар марзи Тоҷикистон бадтар шудааст. Гуруҳе аз паноҳҷӯёни афғон дар марзи Тоҷикистон мегӯянд, баъд аз таҳдидҳои "Толибон" хаймаҳояшонро канданд ва зери осмони бозу ҳавои сард зиндагӣ мекунанд. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.​

XS
SM
MD
LG