Ссылки доступа

Баъди қариб 1,5 сол рӯзноманигорон дубора ба порлумони Қазоқистон роҳ ёфтанд


Рӯзи 14 октябр дар пойтахти Қазоқистон нахустин ҷаласаи сенати он кишвар дар шакли офлайн баргузор шуд, ки дар он рӯзноманигорон ҳам ҳузур доштанд.

Ин бори аввал буд, ки дар як солу 7 моҳи охир намояндагони расонаҳо дубора ба бинои сенат роҳ дода шуданд.

Вуруд ба палатаи болоии порлумони Қазоқистон, ба далели пешгирӣ аз паҳншавии вабои коронавирус, барои расонаҳо маҳдуд шуда буд.

Бо ин вуҷуд, ба сенати Қазоқистон аз миёни намояндагони расонаҳо танҳо афродеро иҷозаи вуруд доданд, ки воксини зидди коронавирус гирифтаанд.

Охири моҳи сентябри соли ҷорӣ ҷомеаи рӯзноманигории Қазоқистон аз президенти он кишвар Қосимҷомарт Тоқаев даъват кард, ки дастрасии дубораи рӯзноманигоронро ба бинои ҳукумату порлумон барқарор кунад.

Муаллифони номаи дастаҷамъӣ навишта буданд, ки шуруъ аз 27 сентябр дар Қазоқистон баргузории ҷамъомадҳо бо ҳузури одамони зиёд иҷозат шудааст. Аммо барои рӯзноманигорон ва кормандони расонаҳо тағйироте нест. Муаллифон навиштанд, ки порлумони ҳукумат мисли пешин баста ҳастанд ва дар ҷаласаҳои онлайнӣ рӯзноманигорон на ҳамеша имкони суолу ҷавоб доранд. Ин ҳам дар ҳоле, ки дархостҳои рӯзноманигорӣ бештари вақт бе посух мемонанд.

"Вазъи баамаломада ҳуқуқҳои касбии мо ва дастрасии ҷомеа ба иттилоъро маҳдуд мекунад", - навишта шуда буд дар нома.

Зери ин нома рӯзноманигорон, кормандони дигари расонаҳо ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ имзо гузоштаанд.

Алексей Тсой, вазири ҳифзи тандурустии Қазоқистон рӯзи 27 сентябр гуфта буд, ки ба зудӣ дархости рӯзноманигорон дар бораи дастрасӣ ба биноҳои ҳукумат ва порлумон баррасӣ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG