Ссылки доступа

Комисияи ИМА бештар аз 2 ҳазор зиндонии мазҳабиро дар Узбекистон "пайдо" кард


Комисияи ИМА дар умури озодиҳои мазҳабӣ рӯзи 13 октябр гузоришеро дар мавриди Узбекистон нашр кард.

Дар ин гузориш омадааст, ки дар зиндонҳои Узбекистон бештар аз 2 ҳазор маҳбуси мазҳабӣ нигаҳ дошта мешавад.

Стив Свердлов, муаллифи гузориш мегӯяд, аз ин теъдод танҳо шахсияти 81 кас мушаххас шуда ва аксари онҳо дар зиндон шиканҷаву таҳқир шудаанд.

Гузориши Комисияи ИМА таҳти номи "Маҳбусони сиёсӣ ва мазҳабӣ дар Узбекистон: бартарафсозии таҷрибаи таъқиб" нашр шудааст.

Дар гузориш омадааст, ки теъдоди дақиқи маҳбусони мазҳабӣ, маҳбусоне, ки барои ибодат дар Узбекистон зиндонӣ шудаанд, муддати тӯлоние барои рӯзноманигорон, ҳомиёни ҳуқуқ, ҳукумати ИМА, Иттиҳоди Аврупо ва СММ маълум набуд.

Ҳукумати Узбекистон боре ҳам теъдод ва шахсияти зиндониёнро ошкор накардааст.

Дар гузориши Комисияи ИМА омадааст, ки бисёре аз маҳбусонро дар ҷиноятҳое амсоли "талоши барҳам задани сохти конститутсионӣ", "ҳифз ва ё паҳнсозии адабиёти мамнуъ" ва "узвият дар гуруҳҳои мамнуи мазҳабӣ" айбдор кардаанд.

Аммо, бино ба хулосаи комисия, далелҳои қонеъкунандае мавҷуд нест, ки гунаҳкории ин афродро собит созад.

Мақомоти Узбекистон мавҷудияти маҳбусони сиёсӣ ва мазҳабиро дар ин кишвар рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG