Авф шомили ҳоли шаҳрвандоне намешавад, ки бо қарори додгоҳ аз Русия депорт шудаанд.
Пештар аз ин мақомоти Русия аз камбуди неруи кории хориҷӣ хабар дода буданд. Ноиб-раиси шаҳри Москва Владимир Ефимов гуфт, пойтахти Русия ба 200 ҳазор муҳоҷири меҳнатии иловагӣ ниёз дорад. Сергей Собянин, раиси шаҳри Москва дар навбати худ афзуд, камбуди муҳоҷирон боиси афзоиши сатҳи таваррум дар Русия шудааст.
Мақомоти Русия ахиран 150 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро низ авф ва заминаи вуруди дубораи онҳоро ба Русия фароҳам карданд.