Ссылки доступа

Размкори UFC Рафаэл Физиев тасмим дорад, тарки Қирғизистон кунад (видео)


Рафаэл Физиев, размкори қирғизистонӣ тасмим дорад, аз ин ба баъд зери парчами кишвараш дар мусоҳибқаҳо ширкат наварзад.

Вай ҳамчунин мехоҳад, ҳамроҳ бо хонаводааш тарки Қирғизистон кунад.

Дар ин бора варзишкор дар саҳифаи Инстаграм хабар дод. Физиев гуфт, ин тасмим дар натиҷаи фишоре гирифта шудааст, ки ба вай аз сӯи муфтиёти Қирғизистон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мерасад.

Варзишкор гуфт, ба далели дидгоҳҳои мазҳабиаш ба вай фишор меоранд.

"Ман чи гуфтан мехоҳам? Ман ҳаргиз мулло набудам. Ман танҳо зиндагии худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба намоиш мегузорам. Ҳар одам ақидаи худро дорад ва ҳар одам ҳақ дорад, ки дар давлати дунявӣ ҳамаи кори қонуниро анҷом диҳад. Ман ба ҳамин кор машғул будам. Аммо аз ҷониби муфтиёт ба ман нафрати зиёд ворид шуд. Ба ҳамин далел ба хонаводаи ман ва ман фишори зиёде меоранд", - навишт варзишкор.

Пештар аз ин Мақсадбек Токтомушев, муфтии пешини Қирғизистон аз Физиев, ба хотири изҳори назарҳояш дар мавзуи динӣ, интиқод кард. Физиев дар як навиштаи пешинаш гуфта буд, ки баъд аз Маккаву Мадина шаҳри Карбалои Ироқ муқаддастарин шаҳр аст.

Муфтии пешини Қирғизистон дар посух гуфт, ки Физиев ифтихори Қирғизистон аст, вале набояд варзишро бо дин омехта кунад.

Навиштаи Физиев дар бораи Карбало миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ баҳсҳои зиёдеро ба бор овард.

XS
SM
MD
LG