Ссылки доступа

Сомонаи иттилоотии HOLA News дар Қазоқистон дубора дастрас шуд


Дар Қазоқистон дастрасӣ ба сомонаи иттилоотии HOLA News дубора ба роҳ монда шуд. Кормандони сомонаи мазкур ҳафтаи гузашта хабар доданд, ки дастрасӣ ба HOLA News маҳдуд шудааст.

"Бо гузашти 10 рӯз сомонаи HOLA News дубора дастрас шуд. Масъулияти ташкили маҳдудият нисбат ба сомонаи HOLA News-ро касе ба зима нагирифт. Ташаккур ба ҳама. Сомона дубора дастрас шуд", - омадааст дар хабари идораи сомона.

Идораи сомона хабар дода буд, ки ширкатҳои бузурги таъминкунандаи интернет, амсоли "Қазоқтелеком", Kcell, Beeline ва Tele2 дастрасӣ ба онро номумкин карда буданд.

Корбарон дар хориҷ аз кишвар низ наметавонистанд, сомонаро боз кунанд. Сабабҳои баста шудани сомона то кунун рушан нест.

XS
SM
MD
LG