Ссылки доступа

Дар Тифлис чандин ҳазор сокин ба ҷонибдорӣ аз Саакашвилӣ ба кӯча баромаданд


Дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон ҳазорон сокин ба ҷонибдорӣ аз президенти пешини ин кишвар Михаил Саакашвилӣ ба кӯча баромаданд.

Дар ибтидои моҳи октябр Саакашвилиро дар Тифлис боздошт ва ҳабс карданд.

Бахши гурҷии Радиои Озодӣ аз ин гирдиҳамоӣ пахши мустақим анҷом дод.

Ба иттилои расонаҳо, дар ин гирдиҳамоӣ наздики 50 ҳазор кас ширкат кард. Бархе аз сокинон дар даст шиорҳои "Озодӣ ба Миша", "Нест бод таъқиби сиёсӣ" доштанд.

Ника Мелия, ҳамсафи Саакашвилӣ паёми ӯро қироат кард. Саакашвилӣ дар паёмаш мухолифонро ба иттиҳод даъват карда, хостааст, рӯзи 30 октябр дар интихоботи такрорӣ ба номзадҳои ҳизби "Ҳаракати воҳиди миллӣ" раъй диҳанд.

Ҷамъомадагон аз мақомоти Гурҷистон озодии Саакашвилро талаб карданд.

Саакашвилӣ рӯзи 1 октябр аз Украина ба Гурҷистон омад ва ҳамон рӯз боздошт шуд. Як рӯз баъди боздошти Саакашвилӣ дар Гурҷистон интихоботи порлумон доир гардид. Нисбати Саакашвилӣ бо айби убури ғайриқонунии марзи давлатӣ парванда боз кардаанд.

XS
SM
MD
LG