Ссылки доступа

Муҳоҷирони дармондаи узбек аз Русия бо қатораҳои махсус баргардонида мешаванд


Ширкати "Роҳи оҳани Узбекистон" барои баргардонидани муҳоҷирони дармонда аз Русия ба ватан ҳаракати махсуси 4 қатораро ба роҳ мемонад.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии ширкат, ин қатораҳо тавассути масири "Волжский-Ташкент" рӯзҳои 22, 25, 29 октябр ва 1 ноябри соли равон аз Русия ба Узбекистон ҳаракат хоҳанд кард. Билети қатораҳо ба як самт - ба Узбекистон дар шакли электронӣ фурӯхта мешаванд.

Мақомоти Узбекистон барои баргардонидани муҳоҷирони дармондаи худ аз Русия ба ватан соли 2020 низ қатораҳои махсусро ташкил карда буданд. Ҳаракати қатораҳои мусофирбар миёни ду кишвар ба далели карантин ва маҳдудиятҳои марбут ба пандемияи коронавирус қатъ гаштааст.

XS
SM
MD
LG