Ссылки доступа

Манбаъ: Дар Туркманистон 25 ҳазор кас аз коронавирус фавтидааст


Ашхабадское кладбище, июль 2020. 
Ашхабадское кладбище, июль 2020. 

Мақомоти Туркманистон ҳанӯз ҳам исрор меварзанд, ки дар ин кишвар ягон ҳолати мубталошавӣ ба коронавируси нав ба қайд гирифта нашудааст.

Як манбаи боварбахш дар низоми тандурустии Туркманистон ба бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти ин кишвар бо вуҷуди радди ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус омори рӯзонаи фавт бар асари ин бемориро пинҳонӣ таҳия мекунанд.

Тибқи иттилои манбаъ, аз аввали пандемияи коронавирус дар соли 2020 то ҳол дар Туркманистон беш аз 25 ҳазор одам аз ин вирус ҷон додааст.

"Ҳарчанд омори маргу мир бар асари коронавирус расонаӣ намешавад, вале вилоятҳо ҳар рӯз ба Вазорати тандурустӣ ва ниҳодҳои дахлдори Туркманистон дар ин бора гузориш медиҳанд", - изҳор дошт манбаъ.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, бештари ҳолатҳои фавт бар асари коронавирус дар вилоятҳои Лебап ва Марии Туркманистон сабт шудаанд. Бахши туркмании Радиои Озодӣ дар гузашта дар бораи афзоиши ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар ин ду вилоят хабар дода буд.

XS
SM
MD
LG