Ссылки доступа

СҶТ: Коронавирус мизони маргу мир аз силро ба сатҳи рекордӣ расондааст


Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) мегӯяд, соли 2020 мизони маргу мир бар асари бемории сил назар ба соли 2019 бештар шуда, харҷҳои умумӣ барои мубориза бо ин навъи беморӣ коҳиш ёфтааст.

"Пандемияи коронавирус пешрафти чандинсолаи ҷаҳонӣ дар мубориза бо бемории силро баръакс гардонда ва мизони маргу мир бар асари онро бори нахуст дар давоми чандин сол афзоиш додааст", - омадааст дар гузориши СҶТ.

Ба назари таҳлилгарони СҶТ, сабаби асосии афзоиши фавтҳо аз сил коҳиши харҷҳоест, ки ба мубориза бо беморӣ равона мешаванд. Дар бештари кишварҳо нерӯи инсонӣ ва пулҳое, ки барои мубориза бо бемории сил ҷудо мешуд, ба мубориза зидди коронавирус равона шудаанд.

"Таҳқиқот нишон медиҳад, ки нақзи хидматрасониҳои тиббӣ зидди бемории сил ба далели пандемияи коронавирус пешрафти чандинсолаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бо бемории мазкурро ба ҳам хоҳад зад", - изҳор дошт мудири кулли созмон Тедрос Гебрейесус.

Бар асоси омори СҶТ, соли 2020 ҳудуди 1,5 миллион одам аз бемории сил ҷон дода, тибқи пешбиниҳои созмон, мизони маргу мир бар асари ин беморӣ дар соли 2021 назар ба соли гузашта бештар хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG