Ссылки доступа

"Толибон" ва Тошканд дар бораи тиҷорат, марз ва роҳи оҳан гуфтаанд


Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон гуфт, мақомоти Тошканд бо намояндагони ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон дар бораи ҳамкорӣ дар бахши тиҷорат, амнияти сарҳад ва ёрии башардӯстона суҳбат карданд. Ин мулоқот 16-уми октябр дар шаҳри Тирмизи Узбекистон баргузор шуд.

Ҳайати "Толибон"-ро Абдусалом Ҳанафӣ, муовини раиси ҳукумати "Толибон" раҳбарӣ дошт. Ҳайати Узбекистонро муовини нахуствазир Сардор Умурзоқов раҳбарӣ кард, ки ҳамзамон вазири сармоягузорӣ ва тиҷорати берунии ин кишвари Осиёи Марказӣ аст.

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон дар эъломияи расмӣ гуфт, дар музокирот "ҳамкорт дар бахши тиҷорату иқтисод, таъмини амният дар марз, энергетика ва ҳамлу нақли байнулмилалӣ" баррасӣ шуд.

Дар изҳорот омадааст, сохтмони роҳи оҳан, ки Тирмизро ба воситаи Мазори Шариф ва Кобули Афғонистон ба Пешовари Покистон мепайвандад, низ яке аз масъалаҳои музокирот буд.

Моҳи гузашта президенти Узбекистон, Шавкат Мирзиёев, дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк гуфт, кишвараш интиқоли нафту барқро ба Афғонистон аз сар гирифт. Вай афзуд, "Афғонистонро дар инзиво ва бо мушкилоташ танҳо гузоштан ғайриимкон аст."

Ин мулоқот дар ҳоле баргузор шуд, ки ҳокимони нави Афғонистон кӯшиш доранд, эътирофи кишварҳои ҷаҳониро ба даст биоранд ва барои пешгирӣ аз фоҷиаи башарӣ дар Афғонистон ёрӣ дарёфт кунанд.

"Толибон" моҳи августи имсол дар пайи берун рафтани нерӯҳои Амрико ва НАТО дигарбора ба қудрат дар Афғонистон баргашт, вале то ҳанӯз ҳеч кишвар ҳукуматашро ба расмият нашинохтааст.

XS
SM
MD
LG