Ссылки доступа

Қазоқистон як ҳайаташро барои музокирот бо "Толибон" ба Кобул фиристод


Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон 17-уми октябр хабар дод, ки як ҳайати ин кишвар бо сафари корӣ ба Кобул, пойтахти Афғонистон, рафт. Ба ин гурӯҳ намояндаи вижаи президенти Қазоқистон дар мавриди ҳамкориҳои байнулмилалӣ, Ержан Қозихонов, раҳбарӣ мекунад.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни сафар масъалаи "расондани ёрии башардӯстонаи Қазоқистон ба аҳолии Афғонистон, инчунин, барқарор кардани робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ" баррасӣ хоҳад шуд.

Қазоқистон якҷо бо ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид ният дорад, "барои афзоиши ёриҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон" ҳамкорӣ кунад. Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, ҳангоми суҳбат дар нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Душанбе (17-уми сентябр) хоҳони ташкили як марказ барои интиқоли ёриҳои башардӯстона ба Афғонистон шуда буд. Тоқаев гуфта буд, Қазоқистон омода аст, ин марказро дар шаҳри Алмато ташкил кунад.

Рӯзи 26-уми сентябри имсол, сафири Қазоқистон дар Афғонистон, Алимхон Есенгелдиев, бо вазири корҳои хориҷии "Толибон", Амирхон Муттақӣ, дар Кобул мулоқот карда буд. Матбуоти маҳаллӣ он замон навишт, ки ин тамоси нахустини мансабдори баландпояи Қазоқистон бо узви ҳукумати "Толибон" аст. Гуруҳе, ки фаъолияташ дар Қазоқистон мамнуъ ва террористист.

Дар хабарномаи Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон номи гурӯҳи "Толибон" зикр нашуда, Муттақиро "иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии ҳукумати муваққатии Афғонистон" ном бурда буданд. Муттақӣ дар ҳукумати пешинаи "Толибон" (солҳои 1996-2001) вазири иттилоот ва фарҳанг буд ва номаш дар "рӯйхати сиёҳ"-и Созмони Милали Муттаҳид маҳфуз аст.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди эътирофи “Толибон”, гуруҳи тундгарои исломӣ, ба ҳайси ҳокими нави Афғонистон бо мушкил рӯбарӯ аст. Коршиносон мегӯянд, зоҳиран кишварҳои Осиёи Марказӣ барои манфиатҳои иқтисодии худ бо “Толибон” ҳамкорӣ мекунанд.

То кунун мақомоти Узбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон низ бо “Толибон” дар сатҳҳои гуногун мулоқот кардаанд. Тоҷикистон гуфтааст, ҳукумати “Толибон”-ро намепазирад ва хоҳони ташкили ҳукумати фарогир бо ҷойгоҳи шоистаи тоҷикон дар Афғонистон аст. Масъулони “Толибон” ба Душанбе ҳушдор додаанд, ки ба корҳои дохилии онҳо дахолат накунад.

XS
SM
MD
LG