Ссылки доступа

Муҳоҷирони тоҷик дар Воронеж гуфтанд, аз шароити "ғуломӣ" раҳо ёфтанд


Даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар деҳаи Шубини Воронежи Русия, ки мегуфтанд, корфармо бо онҳо мисли ғулом рафтор дорад, аз ҳали мушкилашон хабар доданд.

Онҳо гуфтанд, ки субҳи 16-уми октябр, пас аз дахолати сафорати Тоҷикистон дар Русия, шиноснома ва қисман маблағи ҳаққи корашон аз ҷониби корфармо дода шуд ва ҳоло онҳо деҳаи Шубинро тарк карданд. Сафорати Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукиаш хабар додааст, ки нофаҳмӣ миёни корфармо ва муҳоҷирон ҳал шуд.

"Тибқи шартномаи шаҳрвандони Тоҷикистон бо корфармо, яъне ширкати ҶСП “Острогожсксадпитомник”, маблағи патент барои кор, билети ҳавопаймо, ҷойи хоб ва ғизо аз ҷониби корфармо пардохт шуда, пас аз шурӯъ гардидани фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон, корфармо маблағи сарф кардаашро аз музди меҳнати онҳо бозпас гардонидааст. Бинобар ин, корфармо 1 сентябри соли 2021 ба ҳар як нафари онҳо 10 000 рублӣ пешпардохт намудааст. Аз ин лиҳоз, миёни муҳоҷирони меҳнатӣ ва корфармо нофаҳмӣ ба вуҷуд омадааст.", --хабар додааст, сафорат.

110 муҳоҷири тоҷик, ки се моҳи пеш ба Воронеж барои ғундоштани ҳосили себ ҷалб шуда буданд, рӯзи 13-уми октябр дар назди яке аз идораҳои пулиси маҳаллӣ эътироз карданд. Онҳо иддао карданд, ки корфармо онҳоро фиреб дода, шиносномаҳояшонро гирифтааст ва онҳо имкони тарки ин маҳалро надоранд. Радиои Озодӣ дар бораи ин муҳоҷирон гузориш таҳия кард ва рӯзи 15-уми октябр сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфт, ки кормандонашро барои ҳали ин мушкил ба Воронеж сафарбар кардааст.

Хуршед Қурбонов, як тан аз муҳоҷирон рӯзи 16-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки шиносномаҳо ва қисме аз маблағи корашонро корфармо пас дод ва ҳоло онҳо савори автобус деҳаи Шубинро тарк карданд. “Пас аз гузориши Радиои Озодӣ кормандони сафорат омаданд ва бо корфармоён суҳбат карданд. Онҳо шиносномаҳои моро баргардонданд ва ба ҳар кас ба ҳисоби худашон ба қадри кор маблағ доданд. Ҳама ин деҳаро тарк карданд ва ҳар кас ба назди хешу табору шиносҳояш ба дигар шаҳрҳои Русия мераванд.”,--гуфт ӯ.

Сафорати Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукиаш рақамҳои худро нашр карда, аз муҳоҷирон хостааст,ки дар сурати зарурат ба онҳо муроҷиат кунанд.

Пештар муҳоҷирон шикоят карда буданд, ки мақомоти Тоҷикистон аз ҳаққи онҳо ҳимоят намекунад.

Дар миёни муҳоҷироне, ки гирифтори мушкил шуда буданд, 12 зан низ буд, ки ҳоло ба дигар шаҳрҳои Русия рафтаанд. Онҳо гуфтанд, ки тасмими бозгашт ба Тоҷикистонро надоранд ва мехоҳанд, дар шаҳрҳои дигари Русия ҷойи кори хубтаре пайдо кунанд.

Солона ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба Русия мераванд. Маблағи фиристодаи онҳо барои иқтисоди хонаводаҳо дар Тоҷикистон муҳим хонда мешавад, вале муҳоҷирони тоҷик борҳо аз беҳуқуқӣ дар Русия шикоят кардаанд.

Муҳоҷирон борҳо мақомоти тоҷикро барои ҳифз накардани ҳуқуқи онҳо дар Русия низ танқид кардаанд. Вале мақомот ҳамеша гуфтаанд, то ҳадди имкон ба муҳоҷирон кумак мерасонанд ва маҳз бо дахолати онҳо чанд дафъа пули муҳоҷирон аз корфармоён рӯёнда шуд.

XS
SM
MD
LG