Ссылки доступа

Дар Қирғизистон неруи барқ барои корхонаҳо гарон шуд


Дар Қирғизистон шуруъ аз 15 октябр тарофаҳои нави неруи барқ ҷорӣ шуданд, ки айни ҳол танҳо ба корхонаҳои саноатӣ дахл доранд.

Вазорати энержӣ ва саноати Қирғизистон гуфт, барои сокинон қимати барқ дар сатҳи 77 тийин барои 1 кВт/соат боқӣ мемонад. Дар сурати истифодаи барқ дар моҳ аз сӯи сокинон аз 700 кВт/соат бештар шавад, онҳо ҳар киловати он 2 сому 16 тийин ҳисоб карда мешавад.

Ҳамзамон гуфта мешавад, маҳдудият ё лимити барқ барои сокинони минтақаҳои дурдасти куҳӣ бекор мегардад. Барои онҳо як кВт/соат неруи барқ 77 тийин фурӯхта мешавад.

Ба ин тартиб, барои корхонаҳои саноатӣ, вобаста аз навъи истеҳсолоташон, неруи барқ аз 1,09 сом то ба 3,78 сом барои ҳар киловат/соат расонида мешавад.

Пештар аз ин мақомоти Қирғизистон гуфта буданд, ки дар соли 2021 неруи барқ барои сокинон гарон нахоҳад шуд, аммо дар солҳои оянда марҳила ба марҳила тарофаҳо иваз мешаванд.

XS
SM
MD
LG