Ссылки доступа

Дар ҷазирақаламрави Сӯхи Узбекистон фурудгоҳ сохтанд


Дар ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғонаи Узбекистон, ки дар дохили вилояти Бодканди Қирғизистон ҷойгир аст, фурудгоҳи нав сохтанд.

Аз мақомоти волияти Фарғона гуфтанд, фурудгоҳи нав ба зудӣ ба қабули ҳавопаймоҳо шуруъ мекунад. Фурудгоҳи нав дар майдони 7 га сохта шуда, дарозии хатти фуруду парвози ҳавопаймоҳо 700 метрро ташкил медиҳад.

Ноҳияи Сӯхи Узбекистон аз 350 километри мураббаъ иборат буда, комилан дар иҳотаи вилояти Бодканди Қирғизистон аст. Барои вуруд ба Сӯх бояд 20 км ҳудуди Қирғизистонро тай кард.

Роҳ ба сӯи Сӯх дар соли 2013, баъди низоъ дар марзи Қирғизистон бо Узбекистон, баста шуда буд. Роҳ танҳо моҳи апрели соли ҷорӣ боз шуд. Бо ин вуҷуд, мошинҳои борбар то кунун иҷозаи убур аз онро надоранд.

Байни сокинони наздимарзии Сӯхи Узбекистон бо Бодканди Қирғизистон барои тақсими обу замину роҳ гоҳу ногаҳ нофаҳмӣ ва занозанӣ сар мезанад. Як чунин низоъ дар моҳи майи соли гузашта рух дода буд. Дар натиҷаи низоъ марзҳои ду давлат баста шуда, сокинони Сӯх дар муҳосира уфтоданд.

Баъди он низоъ мақомоти Узбекистон тасмим гирифтанд, ки барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия чораҷӯӣ кунанд. Сохтмони фурудгоҳ аз ҷумла он чораҳост.

XS
SM
MD
LG