Ссылки доступа

Дар Узбекистон барои мубориза бо коронавирус ва воксинзанӣ 1,3 триллион сӯм ҷудо карданд


Порлумони Узбекистон барои мубориза бо вабои коронавирус ва воксинзании сокинон 1,3 триллион сӯм (муодили 120 миллион доллар) ҷудо кард.

Вакилони порлумон ҳамзамон паҳншавии вабои коронавирусро дар он кишвар дар рӯзҳои охир баррасӣ карданд.

Дар буҷаи давлатии Узбекистон дар соли 2021 барои мубориза бо коронавирус ва хариди воксин 3 триллион сӯм ҷудо шуда буд, аммо ин маблағ то ин замон харҷ гардидааст.

Хадамоти беҳдоштии Узбекистон гуфт, дар он кишвар 21,45 млн сокини аз 18-сола боло бояд воксин бигиранд.

То рӯзи 12 октбяр ҳамагӣ 3 млн 290 ҳазор кас комилан, 7 млн 240 ҳазор кас ду воя ва 12 млн кас як воя воксин гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG