Ссылки доступа

Дороӣ ва тиҷорати ҷиянҳои Бердимуҳаммадов дар Туркманистон


Иллюстративное фото
Иллюстративное фото

Ду расонаи туркманӣ бо Маркази пажуҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) бар асоси маводи "Бойгонии Пандора" нақши ҷияни Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистонро дар содироти карбамиде муайян кардаанд, ки корхонаи давлатии ин кишвар истеҳсол мекунад.

Ин таҳқиқоти расонаҳои мустақили туркмании "Turkmen.news" ва "Gundogar" бо OCCRP рӯзи 14 октябр нашр шудааст.

"Карбамиде, ки корхонаи "Гарабогазкарбмид"-и Туркманистон истеҳсол мекунад, тавассути ширкати шубҳанок ва сабтиномшуда дар Шотландия содирот мешавад. Ишқобод барои бунёди ин корхона 1, 16 миллиард доллар аз Бонки байналмилалии Ҷопон (JBIC) қарз гирифтааст. Нақши калидиро дар ширкати содиркунанда ҷияни Бердимуҳаммадов Ҳоҷимурод Раҷабов мебозад. Одамоне, ки дар эъломияҳо ҳамчун саҳомони ширкат сабт шудаанд, дар асл барои Раҷабов кор мекунанд. Бар асоси санадҳои расмии ширкат, Раҷабов аз моҳи ноябри соли 2020 молики ширкат шудааст", - навиштаанд муаллифони таҳқиқот Руслан Мятиев, Байрам Шоҳмуродов ва Мэттю Купфер.

Ба ҷуз ин, дар таҳқиқот номи як ҷияни дигари Бердимуҳаммадов ва бародари Ҳоҷимурод Раҷабов -- Шоҳмурод низ зикр шудааст. Шоҳмурод дар фаъолияти ширкате нақши калидиро мебозад, ки бо номи "Delanore" дар Бритониё сабт шуда, бо содироти маҳсулоти нафтию кимиёии корхонаҳои давлатии Туркманистон машғул аст.

Муаллифон дар бораи дороиҳои ин ду бародар низ навиштаанд. Ба иттилои онҳо, бародарон Раҷабовҳо дар Дубай 16 хона доштаанд, арзиши умумии онҳо ба 5,5 миллион доллар мерасад.

Дар гузашта як таҳқиқоти рӯзноманигории дигар низ муайян карда буд, ки ширкати марбут ба Ҳоҷимурод аз воридоти маводи ғизоӣ ба Туркманистон даҳҳо миллион доллар даромад мегирад.

XS
SM
MD
LG