Ссылки доступа

"Нома ба Панҷшер" дар Душанбе муаррифӣ шуд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- "Нома ба Панҷшер" дар Душанбе муаррифӣ шуд. Ишғоли Афғонистон аз тарафи "Толибон" ва бахусус ҳамлаи ин гуруҳ ба дараи аксаран тоҷикнишини Панҷшер дар Тоҷикистон ҳам вокунишҳои зиёдро ба миён овард. Бисёриҳо барои ҳимоя аз Афғонистон садо баланд кардаанд. (видео)

- "Равем, раиси ноҳияро ба додгоҳ диҳем?" Дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон даҳҳо сокини яке аз рустоҳо аз қарори раиси ноҳия асабонӣ шудаанд, чун заминҳои чарогоҳи онҳоро ба ихтиёри каси дигаре додааст. (видео)

- Як гуруҳ аз муҳоҷирони тоҷикро дар Русия сарсон кардаанд. Беш аз сад муҳоҷири тоҷик дар деҳаи Шубини Воронеж иддао доранд, ки корфармо онҳоро фиреб дода ва ҳоло дар шароити ғуломӣ ба сар мебаранд. Ин гуруҳи муҳоҷирон ба гуфтаи худашон се моҳ пеш барои себчинӣ аз Тоҷикистон ба Русия рафтанд, вале ба ҷойи даромад гирифтан, баръакс, қарздор шуданд. (видео)

- Масъули ҷанҷол дар Мастчоҳ ҳабс шуд, вале ҷабрдида қонеъ нест. Додгоҳи ноҳияи Мастчоҳ Юсуф Раҷабзода, ҷавонеро, ки писари аммаашро бо панҷшох захмӣ карда буд, панҷ сол аз озодӣ маҳрум кард. Бар асоси қонуни авф аз се як ҳиссаи ҷазои ӯро кам мекунанд. Наздиконин ҷабрдида аз ҳукм норозиянд. (видео)

- Як гуруҳ аз муҳоҷирони тоҷикро дар Русия сарсон кардаанд. Беш аз сад муҳоҷири тоҷик дар деҳаи Шубини Воронеж иддао доранд, ки корфармо онҳоро фиреб дода ва ҳоло дар шароити ғуломӣ ба сар мебаранд. Ин гуруҳи муҳоҷирон ба гуфтаи худашон се моҳ пеш барои себчинӣ аз Тоҷикистон ба Русия рафтанд, вале ба ҷойи даромад гирифтан, баръакс, қарздор шуданд (видео)

- Мақомот номаи пеш аз худкушии сокини ноҳияи Айниро тафтиш мекунанд. Мақомоти додситонӣ ва Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Айнӣ номаи Ғиёсиддин Аюбзодаи 27-сола, корманди собиқи “Амонатбонк”-ро, ки пеш аз худкушӣ навиштааст, таҳқиқ мекунанд. (видео)

- Суҳбати Рамшо Шифо аз зулми Толибон, ятимӣ, дар ба дарӣ ва овозхонӣ. Рамшо Шифо, овозхони афғони муқими Амрико, ки аз замони тифлӣ ҷабри Толибонро кашидааст, мегӯяд, умедвор аст, ояндаи занони афғон хуб мешавад, аммо на дар аҳди Толибон. Рамшо Шифо, ки волидонашро дар дусолагиаш Толибон куштаанд, дар бораи занони афғон ва зиндагии худ ба Хиромон Бақозода қисса кард (видео)

- Пули қандилҳои кӯчагии Кӯлобро кӣ пардохт мекунад? (видео)

- Вайронаҳои Панҷакенти қадимро обод мекунанд. Дар Тоҷикистон тармиму бозсозии шаҳри Панҷакенти қадима оғоз ёфт, ки бо сармоягузории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷараён мегирад. Ёдгории машҳури бостонӣ 17 гектар масоҳат дорад ва тарҳи эҳё ва ҳифзи он дар озмуни нигаҳдории ёдгориҳои бостонии Осиёи Марказӣ пирӯз гардид. (видео)

- Наргис Бандишоева. Дурахшиду рафт. ​Агар умр вафо мекард, овозхони маъруф Наргис Бандишоева 8-уми октябр ба синни 55 мерасид. Ӯ моҳи сентябри соли 1991 ба таври фоҷиавӣ дар як садамаи роҳ ҷон бохт. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.​

XS
SM
MD
LG