Онҳо талаб доранд, нисбати сокиноне дар масири Талас - Тароз - Суусамир чораҷӯӣ шавад, ки чорвояшон рӯи роҳ мебарояд. Ронандагон ҳамчунин талаб доранд, ки дар ин масир шабона чароғҳо роҳ хомӯш карда нашавад.
Раиси вилояти Талас Бакитбек Норбеков ба ронандагон ваъдаи баррасии ин масъаларо дод.
Рӯзи 15 октябр дар шоҳроҳи Суусамир-Талас дар як садама 8 кас кушта шуд.
Ба иттилои мақомоти Қирғизистон, аз моҳи январ то августи соли 2021 дар Қирғизистон 4637 садамаи нақлиёт сар задааст, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 30% бештар аст. Дар садамашои соли ҷорӣ 497 кас фавтида наздики 7 ҳазор кас маҷруҳ шудааст.