Ссылки доступа

Аз маҳбуси қирғиз барои шомилшавияш ба рӯйхати афвшавандаҳо $2 ҳазор хостаанд


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод, ки А.Т.Б, котиби масъули Комиссияи афви маъмурияти президенти ин кишвар ҳангоми гирифтани ришва дастгир шудааст.

"Ҳангоми таҳия ва тасдиқи рӯйхати маҳбусони афвшаванда дар Қирғизистон нақшаи коррупсионие амал мекардааст", - омадааст дар иттилоияи Кумитаи амнияти Қирғизистон.

Ба огаҳии кумита, котиби масъули Комиссияи афви маъмурияти президенти Қирғизистон бо сӯистифода аз мақоми худ барои шомил кардани маҳбусе ба рӯйхати афвшавандаҳо 170 ҳазор сом (2 ҳазор доллар) талаб кардааст. Маъмурони амниятӣ вайро 18 октябри соли равон ҳангоми гирифтани маблағ дастгир кардаанд.

Ба иттилои сомонаи расмии президенти Қирғизистон, котиби масъули комиссияи мазкур Таалайбек Апенов аст.

XS
SM
MD
LG