Ссылки доступа

Фаъолони ҳизби демократӣ дар Қазоқистон пушти дар Бонки миллӣ шабро рӯз карданд

Фаъолони ҳизби сабтношудаи демократии Қазоқистон дар шаҳри Нурсултони он кишвар бо талаби авфи қарздорони бонкҳо шаби 18 ба 19 октябрро пушти дари Бонки миллии он кишвар рӯз карданд.

Айгерим Тлеужан, яке аз фаъолон гуфт, ки онҳоро ба дохили бино роҳ надоданд.

Аммо шабона, замоне, ки фаъолон онҷо қарор доштанд, кормандони бонк ҳавлии онро об заданд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он дида мешавад, чи гуна фаъолон барои гарм шудан, шабона дар назди бино бонк мерақсанд.

Фаъолон чанд рӯз пеш аз шаҳри Алмато ба Нурсултон рафта буданд. Онҳо талаб доранд, ки қарзи бонкии сокиноне бахшида шавад, ки имкони баргардонии онро надоранд, инчунин қонун дар бораи муфлисии шахсони воқеӣ қабул шавад.

Фаъолон бори аввал рӯзи 12 октябр пушти дари Бонки миллии Қазоқистон ҷамъ шуданд. Мақомот чанд тани онҳоро бо айби "майдаавбошӣ" ҷарима бастанд.

XS
SM
MD
LG