Ссылки доступа

Нонвойҳои Ишқобод орд намеёбанд, ки нон пазанд


Портрет президента Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедова среди хлебобулочных изделий на выставке в Ашхабаде (архивное фото)

Камёфтшавии орд дар Туркманистон боис шудааст, ки даҳҳо нонвойи шахсӣ дар шаҳри Ишқободи он кишвар баста ва садҳо коргар бе ҷои кор монад.

Ба гуфтаи як манбаъ, дар шаҳри Ишқобод ҳафтаи пеш бештар аз 30 нонвойхона баста шудааст.

"Дар бархе аз онҳо, ба ҳисоби миёна, то 10 зан кор мекард", - гуфт манбаъ.

Соҳибони нонвойхонаҳо гуфтанд, орди истеҳсоли Туркманистон камчин шудаву орди воридотӣ гарон аст ва ин ҳолат имкон намедиҳад, ки нонвойҳо фаъолият кунанд.

"Орди истеҳсоли ватаниро бо қимати 10 манат барои ҳар килограм мехаридем. Ҳамон орде, ки мебоист, дар мағозаҳо 1 манат барои ҳар кило арзиш дошта бошад. Мудирони мағозаҳои давлатӣ онро ғайриқонунӣ ба мо мефурӯхтан ва мо нон мепӯхтем. Ҳоло ҳамон ҳам камчин ва ноёфт шудаст. Орди воридотӣ 25 манат баро ҳар кило арзиш дорад, ки бо ин қимат намешавад, фаъолияти нонвойро пеш бурд", - гуфт соҳиби яке аз нонвойхона ба шарти ифшо нашудани номаш.

Мақомоти Туркманистон мушкили иқтисодӣ ва буҳрони ғизоиро дар кишварашон эътироф намекунанд. Дар ҷаласаҳои ҳукуматӣ пайваста хабар дода мешавад, ки дар он кишвар солона 1 миллиону 400 ҳазор тона ғала истеҳсол мешавад.

Правительство Туркменистана прячет продуктовые очереди для сохранения своего имиджа
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:40 0:00

XS
SM
MD
LG