Ссылки доступа

Мирзиёев гуфт, 18 сол дар Тошканд бидуни қайд зистааст


Раисҷумҳури кунунӣ ва номзад ба мақоми президентии Узбекистон Шавкат Мирзиёев 19 октябр дар мулоқот бо интихобкунандагон дар шаҳраки донишҷӯёни ноҳияи Олмазори ин кишвар мушкилиҳои даврони кор дар пойтахтро ёдовар шуд.

Мирзиёев гуфт, сарфи назар аз таваллуд шуданаш дар вилояти Ҷизах ӯ аз 18-солагӣ дониш ва тарбияро аз мардуми Тошканд омӯхтааст.

"Ман дар ҳуҷраи иҷора мезистам ва мушкилиҳоеро дидаам. Ман бе сабаб ба масъалаи манзили зист ҷиддӣ бархӯрд намекунам. Ман 18 сол мушкили қайди маҳалли зистро доштам. Вале роҳи ҳалли ин масъала будааст", - изҳор дошт Мирзиёев. Вале вай дақиқ намегӯяд, ки чи гуна ин мушкилро мешавад ҳал кард.

Мирзиёев дар вохӯрӣ бо интихобкунандагон дар бораи таъқибҳо низ суҳбат кард.

"Агар 100 000 донишманди моро таъқиб намекарданд, мо ҳоло дар бораи Эҳёи чорум суҳбат мекардем. Онҳо медонистанд, ки фарзандони мардуми бузурги узбек хеле неруманданд. Мо барои барқарор кардани сарчашмаҳои худ хеле корҳоро анҷом додаем, вале инҳо қадамҳои аввалинанд", - афзуд президенти Узбекистон.

Шавкат Мирзиёев ба масъалаи Афғонистон ҳам дахл карда, гуфт, "мушкили аз ҳама муҳим ин аст, ки Афғонистон бе ҷангу гуруснагӣ тавонад зимистонро пушти сар кунад. Фикр мекунам, неруҳое низ, ки нав сари қудрат омадаанд, дар бораи мардуми худ фикр мекунанд".

Интихоботи президентии Узбекистон 24 октябр баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG