Ссылки доступа

Гуруҳе аз зиндониёни сиёсӣ аз СММ хостанд, зидди Қазоқистон таҳрим ҷорӣ кунад


Фаъолони шаҳрвандии Қазоқистон Абай Бегимбетов, Асхат Жексебоев, Кайрат Клишев, Ноян Раҳимҷонов ва Уласбек Аҳмадов, ки худро зиндонии сиёсӣ медонанд, ба вакилони порлумони Аврупо ва СММ муроҷиат карданд.

Дар муроҷиатномаи онҳо, ки рӯзи 18 октябр нашр шуд, омадааст, фаъолон ғайриқонунӣ дар "тундгароии сиёсӣ" айбдор шудаанд. Муаллифони муроҷиатнома аз СММ ва вакилони порлумони Аврупо хостаанд, ки зидди роҳбарони Қазоқистон ва судяҳо таҳрим ҷорӣ кунанд.

"Ба шумо бо ҳадафи манфиатҳои худ муроҷиат мекунем, зеро ба адолати додгоҳӣ дар Қазоқистон бовар надорем. Мо қатъиян ба хулоса расидем, ки адолати додгоҳӣ дар Қазоқистон мустақил нест ва на шаън дораду на шараф", - навиштаанд муаллифон.

"Ҳабси мо, таъқиби ҷиноӣ ва маҳкум шудани мо ба 5 соли зиндон - фармоиши сиёсӣ аст, ки зидди дигарандешӣ равона шудаву бо ин шаҳрвандони норозии Қазоқистонро тарс медиҳанд", - илова шудааст дар нома.

Ҳамаи ин панҷ зиндонӣ аз сӯи ҳомиёни ҳуқуқ шомили рӯйхати зиндониёни сиёсии Қазоқистон шудаанд.

Ин панҷ тан рӯзи 11 октябри соли ҷорӣ аз сӯи додгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон ба 5-солии зиндон маҳкум шуданд. Додгоҳ онҳоро дар "ширкат" дар созмони мамнуъ ва ё "ташкили фаъолияти ба он монанд" айбдор донист.

XS
SM
MD
LG