Ссылки доступа

Дар Туркистони Қазоқистон коргарони кӯдакистонҳо ба эътироз баромаданд


Дар шаҳри Туркистони Қазоқистон рӯзи 19 октябр бештар аз 100 тан соҳибон ва коргарони кӯдакистонҳои хусусӣ пушти дари ҳукумати вилояти Туркистон гирдиҳамоӣ карданд.

Онҳо талаби маоши бештар ва пардохти буҷаи сарикасии сесолаи кӯдакистонҳоро карданд.

Онҳо дар даст шиорҳои "Ҷонибдори баланд бардоштани маоши мураббиҳо!", "Меҳнати моро ҳам қадр кунед!" доштанд.

Дилбар Ҳабибова, яке аз ширкатдорони гирдиҳамоӣ гуфт, дар чанд соли охир ба ҳисоби миёна сари кӯдак дар вилояти Туркистон 25 ҳазор танга ҷудо мешавад.

"Мо наметавонем, маоши мураббиҳоро бештар кунем, зеро ҳаҷми маблағи сарикасии кӯдакон афзоиш намеёбад", - гуфт Ҳабибова.

Коргарони кӯдакистонҳо дар шаҳр ва вилояти Туркистони Қазоқистон аз 40 то 70 ҳазор танга (аз 90 то 120 доллари ИМА мутаносибан) маош мегиранд.

Мақомоти вилояти Туркистон дар суҳбат бо эътирозгарон гуфтанд, ки аз буҷаи давлатӣ барои бештар кардани маоши коргарони кӯдакистонҳо маблағи изофӣ ҷудо нашудааст.

Баъди ин эътирозгарон ба номи президент номаи дастаҷамъӣ навиштанд.

Ба иттилои расмӣ, дар вилояти Туркистон 1424 муассисаи томактабӣ мавҷуд аст, ки аз ин теъдод 1024-тои он хусусист. Теъдоди кӯдакон дар кӯдакистонҳои хусусӣ ба бештар аз 100 ҳазор мерасад.

XS
SM
MD
LG