Ссылки доступа

Дар пойтахти Туркманистон даҳҳо "назоратгоҳ"-и пулис таъсис мешавад


Ашхабадская полиция (архивное фото)
Ашхабадская полиция (архивное фото)

Дар Туркманистон барои сохтани 20 нуқтаи назоратии пулис тендер эълом шудааст.

Ба иттилои нашрияи "Хроника Туркменистана", чунин тендер соли гузашта низ эълом шуда буд. Он замон нуқтаҳои назоратии пулис ҳамчун танзимгари тартиботи ҷамъиятӣ унвон шуда буданд.

Ин тендерро вазорати сохтмон ва муҳандисии Туркманистон бо фармоиши вазорати корҳои дохилии он кишвар рӯзи 15 октябр эълом кардааст.

Нуқтаҳои мазкурро бо технологияҳои муосир ва васоили расонидани ёриҳои аввалия муҷаҳҳаз хоҳанд кард.

Ба иттилои расонаҳо, ин нуқтаҳо шабонарӯзӣ фаъолият хоҳанд кард.

Ба бовари нозирон, таъсиси нуқтаҳои назоратӣ шаҳодати он аст, ки назорати пулис дар Туркманистон шадидтар мешавад.

XS
SM
MD
LG