Ссылки доступа

Дар остонаи интихоботи президентӣ коргарони бахши узбекии Радиои Озодиро таҳдид мекунанд


Хабарнигорони бахши узбекии Радиои Озодӣ мегӯянд, дар остонаи интихоботи президентӣ дар Узбекистон, ба онҳо таҳдид мекунанд.

Дар ин бора дар сомонаи бахши узбекии Радиои Озодӣ иттилоъ дода шудааст.

Рӯзи 16 октябр дар саҳифаи телеграми бахши узбекӣ даҳҳо паём бо мазмуни таҳдид ба хабарнигорон ва пайвандони онҳо ирсол шудааст. Дар он паёмҳо гуфта шудааст, ки "ҳадафи асосии Радиои Озодӣ - ташкили шӯриш дар Узбекистон, барҳам задани осоиштагӣ ва беобрӯ кардани президенти Узбекистон аст".

Ин таҳдидҳо бидуни имзо буда, аммо кормандони бахши узбекии Радиои Озодӣ ҳадди ақал ду шарҳнависро шиносоӣ кардаанд.

Ҷеймӣ Флай, президенти Радиои Озодӣ таҳдидҳо ба бахши узбекиро "нафратовар" унвон ва аз Тошканд даъват кард, ки аз таҷрибаи тарс додани расонаҳои мустақил даст кашад.

Сомонаи бахши узбекии Радиои Озодӣ дар Узбекистон аз соли 2019 дастнорас аст.

Интихоботи президентӣ дар Узбекистон 24 октябр баргузор мешавад. Дар ин интихобот панҷ номзад, аз ҷумла президенти амалкунанди Узбекистон Шавкат Мирзиёев низ ширкат мекунад.

XS
SM
MD
LG