Ссылки доступа

Куриёи Шимолӣ мушаки нави болдор сохтааст


Предположительно, фотография испытания ракеты морского базирования КНДР

Шӯрои амнияти СММ баъди озмоиши мушакии навбатии Куриёи Шимолӣ ҷаласаи изтирориеро баргузор мекунад. Ба иттилои телевизиони ҷопонии NHK, ҷаласа бо ташаббуси ИМА, Бритониё ва Фаронса баргузор мешавад.

СММ зидди Куриёи Шимолӣ барои рушди барномаҳои ҳастаиву мушакҳои низомӣ таҳрим ҷорӣ кардааст. Вале Пхенян бо вуҷуди таҳримҳо озмоиши интиқолдиҳандаи силоҳи ҳастаиро идома медиҳад.

Ба иттилои расонаҳо, ин кишвар 19 октябр мушаки нави болдорро тавассути киштии зериобӣ озмудааст.

Куриёи Шимолӣ яке аз кишварҳое аст, ки бештарин киштиҳои зериобиро дорад. Тибқи арзёбиҳои гуногун, шумори киштиҳои зериобии он кишвар тақрибан ба 70-90 адад мерасад.

Шӯрои амнияти СММ баъди озмоишҳои 15 ва 28 сентябри соли равон кушиш кард, зидди Пхенян қатъномаеро ба имзо расонад. Вале Русия ва Чин монеи он шуданд.

XS
SM
MD
LG