Дар ин бора сухангӯи ҳукумати вилояти Бодканди Қирғизистон Озод Қурбонбеков хабар дод. Ба гуфтаи вай, дар маҷмуъ барои зиёндидагони низои марзӣ 140 манзил сохта шудааст.
Аз ин теъдод 100 иншоот дар ноҳияи Лайлаки он вилоят бунёд ва ба соҳибонашон супорида шудааст.
Ба ҷуз аз манзили истиқоматӣ, дар деҳаи Максати ноҳияи Лайлак идораи нави пулис ва бунгоҳи нави тиббӣ, майдони варзиш сохта ва мактаб бозсозӣ шудааст.
Низои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон рӯзҳои 28-30 апрели соли ҷорӣ рух дод. Дар натиҷаи он аз ҷониби Қирғизистон 36 кас ва аз ҷониби Тоҷикистон 19 кас куштаву 87 тани дигар захмӣ шуданд.
Дар вилояти Бодканд 140 манзил, як мактаб ва як дидбонгоҳи марзӣ тахриб шуд. Дар Тоҷикистон 14 манзил комилан хароб шуд.