Ссылки доступа

Шоири дигарандеш Арон Отабек бистарӣ шуд


Шоири дигарандеши қазоқистонӣ Арон Отабек, ки баъди 15 соли зиндон озод шуд, дар бемористон бистарӣ гардид. Пизишкон ӯро дар шуъбаи эҳё бистарӣ кардаанд.

Дар ин бора Розия Нутишева, хоҳари Отабек иттилоъ дод. Ба гуфтаи Нутишева, вазъи сиҳатии Отабек охири ҳафтаи гузашта бад шуд.

"Вазъаш нохуб аст. Наметавонад, ғизо хӯрад. Даҳ рӯзи баъди мураххасӣ аз бистаришавии аввал мо ӯро дар хона табобат кардем. Аммо табобат дар хона беҳбудие наовард", - нақл кард Розия Нутишева.

Хоҳари шоир нагуфт, ки ӯро дар кадом беморхона бистарӣ кардаанд.

Додгоҳи шаҳри Павлодари Қазоқистон дигарандеш ва шоир Арон Отабекро 1 октябр шартан аз маҳбас озод кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуотии додгоҳ, ин тасмим бо назардошти вазъи сиҳатии шоири қазоқ, ки гуфта мешавад ба бемории табобатнашаванда мубтало гаштааст, гирифта шудааст.

Ҳомиёни ҳуқуқи маҳаллӣ ҳафтаи гузашта дар як муроҷиатнома аз президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев даъват карданд, ки шоир Отабекро афв кунад.

Отабек баъди ҳодисаҳои соли 2006 дар Шанирак боздошт ва 18 сол зиндонӣ шуд. Додгоҳ ӯро дар ташкили бетартибиҳои оммавии Шанирак дар соли 2006 айбдор донист. Отабек айби эъломкардаи додгоҳро эътироф накард.

XS
SM
MD
LG