Ссылки доступа

Узбекистон гуфт, ба чи шарте ҳукумати "Толибон"-ро эътироф мекунад


Узбекистон гуфтааст, яке аз шартҳое, ки баъди иҷрои он метавонад, ҳукумати "Толибон"-ро дар Афғонистон эътироф кунад, таъсиси сохторҳои давлатие аст, ки ҳамаи неруҳои сиёсии афғонро фаро гирад.

Ин изҳорот рӯзи 20 октябр аз сӯи намояндаи вижаи президенти Узбекистон дар умури Афғонистон Исматулло Иргашев дар шаҳри Москва садо дод.

Намояндагони 10 кишвар, аз ҷумла Узбекистон, дар гуфтугӯҳои марбут ба Афғонистон дар Москва ширкат мекунанд. Ин гуфтугӯҳо рӯзи чаҳоршанбеи 20 октябр шуруъ шуданд.

Иргашев гуфтааст, аз дигар шартҳои эътироф шудани ҳукумати "Толибон" иҷрои уҳдадориҳои созишномаи Доҳаи Қатар аст. Таъмини ҳуқуқҳои бунёдии сокинон ва иҷоза надодан ба истифодаи ҳудуди Афғонистон аз сӯи террористон аз шартҳои дигари эътироф шудани ҳукумати "Толибон" унвон шудааст.

Намояндаи махсуси президенти Узбекистон гуфт, Тошканд то ин замон имкони эътирофи ҳукумати муваққати "Толибон"-ро намебинад.

Мақомоти Узбекистон ҳарчанд расман ҳукумати "Толибон"-ро эътироф накардаанд, аммо амалан бо онҳо ҳамкориро ба роҳ мондаанд. Як ҳайати Узбекистон бо роҳбарии вазири корҳои хориҷии он кишвар Абдулазиз Комилов рӯзи 7 октябр ба Афғонистон рафта буд. Ҳамчунин рӯзи 16 октябр як ҳайтаи толибон барои мулоқот бо шахсони расмии Узбекистон ба шаҳри Тошканд омада буд.

XS
SM
MD
LG