Ссылки доступа

Дар Қирғизистон моҳи ноябр нархи сӯзишворӣ гарон мешавад


Раиси Анҷумани воридкунандаҳои нафт дар Қирғизистон Канатбек Эшатов гуфт, моҳи ноябр нархи сӯзишворӣ дар ин кишвар гаронтар хоҳад шуд.

Ба гуфтаи ӯ, ширкатҳои қирғизӣ то имрӯз 1 тонна безинро аз Русия 700 доллари амрикоӣ мехариданд ва аллакай он 800-820 доллар шудааст. Нархи 1 тонна сӯзишвории дизелӣ низ аз 600 доллар то ба 720-770 доллар гарон гаштааст. Ин гароншавӣ моҳи оянда ба нархҳо дар Қирғизистон таъсир хоҳад расонд.

"Ширкатҳо ҳоло бо нархномаи нав аз Русия сӯзишворӣ мехаранд ва сӯзишвории харидоришуда баъди ду ҳафта, яъне моҳи ноябр вориди Қирғизистон мешавад. Дар натиҷа нархи бензин ва сӯзишвории дизелӣ 9-10 сом гарон хоҳад шуд", - изҳор дошт вай.

Қирғизистон 95 дарсади маҳсулоти нафтиро аз Русия ворид мекунад. Русия соли гузашта 1 тонна бензинро 300 доллар мефурӯхтанд ва нархи 1 тонна сӯзишвории дизелӣ 350-360 доллар буд.

XS
SM
MD
LG