Рӯзи 21 октябр наздики 20 тан аз занони шаҳри Кобул бо талаби "кор, нон ва таҳсил" ба кӯча баромаданд.
Занон аз толибон ҳамчунин талаб карданд, ки "Таҳсилро сиёсӣ накунанд".
Дар ин эътироз толибон ба рӯзноманигороне ҳамла карданд, ки ба инъикоси эътирози занон омада буданд.
"Толибон касеро эҳтиром намекунанд: на рӯзноманигоронро ва на занонро", - гуфт Зуҳро Муҳаммадӣ, яке аз ташкилкунандагони эътироз.
"Толибон" ҳамла ба рӯзноманигоронро то ҳол шарҳ надодаанд.