Ссылки доступа

Русия эҳтимол аст, "Толибон"-ро аз рӯйхати гуруҳҳои террористӣ берун кунад


Президенти Русия Владимир Путин ҳангоми суханронӣ дар нишасти мубоҳисавии Валдай гуфт, Москва барои хориҷ шудани номи гуруҳи Толибон аз рӯйхати созмонҳои террористӣ талош хоҳад кард.

Вале ӯ ҳамзамон қайд кард, ки ин корро нахуст бояд Шӯрои амнияти СММ анҷом диҳад.

Мақомоти рус ҳукумати гуруҳи Толибонро дар Афғонистон расман эътироф намекунанд, вале бо намояндагони он дар Москва пайваста мулоқот мекунанд. Аз ҷумла, 20 октябр дар пойтахти Русия нишасте бо ҳузури Толибон баргузор шуд, ки дар он мақомоти Чину Покистон ва ҳашт кишвари дигар иштирок карданд

Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар ин нишаст гуфт, сарфи назар аз мақоми ҳукумати гуруҳи Толибон дар арсаи байналмилалӣ бояд бо онҳо ҳамкорӣ кард.

Толибон, ки фаъолияташ дар аксар кишварҳо мамнуъст, ду моҳ пеш назорат бар Афғонистонро ба даст гирифт ва дар ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон "аморати исломӣ" ташкил дод. То ин дам ҳеч кишвар ҳукумати "Толибон"-ро ба расмият нашинохтааст.

Дар нишасти Маскав ин талаб садо дод, ки ҳукумати нави Афғонистон бояд "иборат аз намояндагони ҳама гуруҳҳои қавмиву динӣ ва сиёсӣ" бошад. Ин андешаро аз оғоз мақомот дар Тоҷикистон ҳам баён карда буданд.

XS
SM
MD
LG