Ссылки доступа

Байден: ИМА дар сурати ҳамлаи Чин Тайванро ҳимоят мекунад


Президент США Джо Байден

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, агар Чин ба Тайван ҳамла кунад, Вашингтон тасмими қотеъона дорад, ки аз он ҳимоят кунад.

Рӯзноманигорон дар вохӯрие дар Балтимор аз Байден пурсиданд, ки эҳтимоли кумаки Амрико ба Тайван дар сурати ҳамлаи Чин вуҷуд дорад. Раисҷумҳури Амрико дар посух гуфт, "бале, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико вазифадор аст, ки ин корро анҷом диҳад".

Баъди он, ки эълом шуд Тайван ба як паймони тиҷорӣ пайвастааст, 24 ҳавопаймои ҷангии Чин вориди ҳарими ҳавоии ин кишвар шуданд.

Вазири дифои Тайван ҳушдор дод, ки таниш бо Чин дар минтақа ба болотарин ҳади худ дар 40 соли гузашта расидааст. Ӯ ҳамчунин ҳушдор дод, Чин метавонад дар соли 2025 ба таври комил Тайванро ишғол кунад.

XS
SM
MD
LG