Ссылки доступа

Қирғизистон аз Туркия ва Русия ҳамопаймои бесарнишин мехарад


Раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон 21 октябр дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, ки ин кишвар аз Туркия ва Русия ҳавопаймоҳои бесарнишини навъи "Bayraktar" ва "Орлан-10Е" харидорӣ хоҳад кард.

"Мо ин техникаҳоро аз ҳисоби буҷаи давлат мехарем. Рӯзҳои наздик аз Туркия ҳавопаймои бесарнишини "Байрактар" оварда мешавад. Дар дунё танҳо 5 кишвар ин гуна силоҳ дорад, ки мо яке аз онҳо хоҳем шуд. Мутахассисони мо ҳоло дар онҷо истифодаи ҳавопаймои бесарнишинро меомӯзанд. Ҳамчунин мо аз Русия ҳавопаймои бесарнишини "Орлан-10Е" хоҳем харид. Барои ин аллакай аз буҷа пул ҷудо шудааст", - изҳор дошт раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон.

Вале Тошиев дақиқ нагуфт, ки Қирғизистон чанд то ҳавопаймои бесарнишин харидорӣ хоҳад кард.

Расонаҳо моҳи июни соли равон, баъди сафари президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба Туркия хабар доданд, ки Анқара ба Бишкек кумаки низомӣ менамояд.

XS
SM
MD
LG