Ссылки доступа

Интихоботи президентии Узбекистонро баргузоршуда эълом карданд


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Узбекистон интихоботи президентии ин кишварро баргузоршуда эълом кард.

Ба огаҳии комиссия, то соати 17:00-и шоми 24 октябр 80,8%-и афроди қобили раъй дар интихоботи президентии Узбекистон иштирок кардаанд. Натиҷаи пешакии интихобот қарор аст, имрӯз 25 октябр эълом шавад.

Дар Узбекистон имрӯз, 24-уми октябр, маъракаи овоздиҳӣ ба интихоботи президентии ин кишвар баргузор шуд.

Яке аз номзадҳои калидӣ ба мақоми прзидентӣ Шавкат Мирзиёев, президенти кунунии кишвар аст, ки бори дуюм дар ин маърака иштирок мекунад. Рақибони ӯ чандон чеҳраҳои шинохта нестанд ва бештар тарафдори президенти кунунӣ ҳастанд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи коршиносон, онҳоро танҳо барои намоиши демократия вориди майдон кардаанд.

Узбекистон, ки 35 миллион аҳолӣ дорад, аз замони истиқлолият, дар сӣ соли пеш, бори шашум аст, интихоботи президентӣ баргузор мекунад. Барандаи чор интихоботи гузашта дар ин кишвар Ислом Каримов буд, ки соли 2016 даргузашт ва ба ҷояш Шавкат Мирзиёев раҳбари ин кишвар шуд.

XS
SM
MD
LG