Ссылки доступа

Муқовимат ба ҷангҷӯёни шартӣ дар Ҳарбмайдони Тоҷикистон


Рӯзи 23-юми октябр дар Ҳарбмайдони воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон ва 20-километрии марзҳои шимолии Афғонистон рӯзи дуюми машқҳои нирӯҳои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ баргузор мешавад.

ТАСС мегӯяд, ки “машқҳои амалии нирӯҳои муштараки узви СПАД аз омӯзиши фазо бо ҳавопаймоҳои Л-39-и нирӯҳои ҳавоии Тоҷикистон шурӯъ шуд”. Ривояти машқҳо ин аст, ки назорати ҳавоӣ ҳаракати ҷангҷӯни шартӣ бо ду корвони техникаи низомиро ба самти марзи Тоҷикистон ошкор мекунад ва бар асоси ин иттилои ҷосусӣ марзбонҳо ба муқовимат бо ҷангиён мепардозанд.

Дар ин машқҳо инчунин нирӯҳои воҳидҳои махсус ҳам ҷалб шудаанд. Ба навиштаи манбаъ, дар ин машқҳо 4 ҳазор низомиву 500 адад техникаи ҳарбӣ истифода мешавад. Машқҳо дар Ҳарбмайдон ва ҳам пойгоҳи Мумирак дар ҷануби Тоҷикистон ҷараён доранд.

СПАД созмони низомии минтақавии зери назари Русия буда, баъди дар моҳи август аз ҷониби “Толибон” ишғол шудани аксар қаламраҳои Афғонистон, дар хоки кишварҳои узви ин паймони низомӣ, аз ҷумла Тоҷикистону Қирғизистон, чандин даври машқҳои низомӣ барпо шудааст.

XS
SM
MD
LG