Ссылки доступа

Пушти дари вазорати тандурустӣ дар Қирғизистон гирдиҳамоӣ баргузор шуд


Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон наздики 30 тан аз шаҳрвандоне, ки ҷарроҳӣ ва аъзои дарунашонро иваз кардаанд, пушти дар вазорати тандурустӣ ҷамъ шуданд.

Онҳо мегӯянд, аз моҳи май то кунун ба Қирғизистон доруҳои тақвиятдиҳандаи масуният - барои касоне, ки ҷарроҳии ивази аъзои дарунро аз сар гузаронидааст - ворид намешавад.

"Доруҳоро аз Туркия ва Аврупо меоварданд. Ҳоло ин доруҳоро мехоҳанд, аз Русия ворид кунанд. Мо намехоҳем, доруҳои истеҳсоли Русияро истифода кунем. Зеро доруҳои Русия таъсири манфӣ мерасонанд", - гуфтанд эътирозгарон.

Мақомоти вазорати тандурустии Қирғизистон гуфтанд, муҳлати анҷоми тендер барои хариди доруҳо ба дарозо кашид ва ба ҳамин далел, воридоти онҳо сари вақт анҷом нашуд.

XS
SM
MD
LG