Ссылки доступа

Дар Қазоқистон мехоҳанд, барои "ташаккули руҳияи миллӣ" $280 млн харҷ кунанд (видео)


Дар вазорати иттилоъ ва рушди иҷтимоии Қазоқистон тарҳи "Ташаккули руҳияи миллӣ"-и муаррифӣ карданд.

Дар ин тарҳ омадааст, ки забони қазоқӣ аз сатҳи гуфтугӯӣ ба "забони илм ва тиҷорат" табдил дода шуда, фарҳанги миллӣ фаротар аз Қазоқистон таблиғ гардад.

Аида Балаева, вазири иттилоъ ва рушди иҷтимоии Қазоқистон гуфт, "ин сармоягузорӣ ба тафаккури одамон аст, ки даромади он аз ҳамаи соҳаҳои ҳаёти инсонҳо: фарҳанг, иқтисод, таҳсилот ба даст хоҳад омад". Вай гуфт, ки барои амалисозии ин тарҳ аз буҷаи Қазоқистон 280 миллион доллар дархост карда мешавад.

Аммо, зоҳиран, қазоқистониҳо аз ин тарҳ ҷонибдорӣ намекунанд. Дар вокуниш бархе аз сокинони Қазоқистон навиштанд, ки ташаккули руҳияи миллӣ - охирин масъалае аст, ки онҳо атрофаш меандешанд. Бино ба омори расмӣ, қазоқистониҳо бештар аз нисфи даромади худро барои хариди ғизо сарф мекунанд.

Казах казаху – друг, товарищ и брат... на ринге
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:15 0:00

"Таблиғоти давлатӣ - василаи мувофиқест барои доираи ҳукумрон, ки тавассути гуфтугӯ атрофи маънавият, арзишҳо мағзшӯӣ анҷом диҳанд ва ҳамзамон бераҳмона кишварро ғорат кунанду сарватҳоро ба офшорҳо баранд", - навиштанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархе аз корбарон.

Дар Қазоқистон як чунин тарҳе амалӣ шуда буд. Барои тарҳи нахустини "тақвият ва ташаккули руҳияи миллӣ" 2,5 миллион доллар харҷ шуд.

XS
SM
MD
LG