Ссылки доступа

Узбекистон интиқоли барқ ба Афғонистонро "як соат ҳам" қатъ накардааст


Муовини сарвазир ва вазири сармоягузорию савдои берунии Узбекистон Сардор Умурзақов 23 октябр ба рӯзноманигорон гуфт, Тошканд интиқоли нерӯи барқро ба Афғонистон "як соат ҳам" қатъ накардааст.

Ба гуфтаи вазири узбек, дар ҳоли ҳозир Афғонистони ҳаҷми зарурии нерӯи барқро аз Узбекистон дарёфт мекунад.

Умурзақов изҳор дошт, ки намояндагони ҳукумати Толибон дар Афғонистон вазифадор шудаанд, то қарзи пули барқро ба Узбекистон пардозанд.

Мансабдори узбек сабаби ин тасмими Тошкандро "кумак ба мардуми бародари афғон дар вазъияти душвор" номидааст.

Пештар хабар доданд, ширкати барқи Афғонистон (DABS) аз маъмурияти СММ барои мусоидат ба ин кишвар дархост кардааст, ки барои пардохти қарзи пули барқ аз кишварҳои ҳамсоя 90 млн доллар кумак кунад.

Бино ба хабарҳо, қарзи пули барқи Афғонистон аз Эрон 25 млн доллар, аз Тоҷикистон 11,2 млн доллар, аз Узбекистон 9,9 млн доллар ва аз Туркманистон 5,1 млн долларро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG