Ссылки доступа

Дар Қирғизистон маконҳои ғизои омро аз санҷиш мегузаронанд


Маркази давлатии назорати беҳдоштии Қирғизистон дар пайи заҳролудшавии гуруҳӣ дар қаҳвахонаи шаҳри Бишкек маконҳои ғизохурӣ дар саросари ин кишварро аз санҷиш мегузаронад.

Ба огаҳии Вазорати тандурустии Қирғизистон, ба қарори ҳукумати ин кишвар аз соли 2018, ки санҷиши соҳибкоронро муваққатан манъ мекунад, тағйирот ворид карда шудааст.

Дар бахшҳои гуногуни қаҳвахонаи "Империя пиццы" дар Бишкек чанд кас заҳролуд шуданд. Чандин муштарии ин қаҳвахона, ки дар миёнашон кудакон низ ҳастанд, 23 октябр бо нишонаҳои заҳролудшавӣ ба бемористони касалиҳои сироятии Бишкек муроҷиат карданд.

Вазорати тандурустии Қирғизистон шумори умумии заҳролудшудаҳоро дар қаҳвахонаи "Империя пиццы" 118 нафар гуфт.

Дар натиҷа 25 октябр ҳамаи бахшҳои ин қаҳвахона дар Бишкек муваққатан баста шуданд.

XS
SM
MD
LG