Ссылки доступа

“Нони ҳалол” дар Душанбе намоиш дода шуд (гулчин)


Для средств массовой информации региона предоставляется бесплатное право полного или частичного использования данных материалов. По желанию пользователей можем предоставить исходный вариант видеороликов. Они также могут использовать любое видео из коллекции.

Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- “Нони ҳалол” дар Душанбе намоиш дода шуд. (видео)

- Дар Хатлон донандагони забони англисӣ зиёд шудаанд. Дар вилояти Хатлон иштиёқи ҷавонон ба омӯхтани забони англисӣ меафзояд ва онҷо марказҳои нави омӯзиши ин забон боз мешаванд. Радиои Озодӣ ба яке аз ин марказҳо рафт ва бубинед, чӣ дид. (видео)

- “Нони ҳалол” дар Душанбе намоиш дода шуд (видео)

- Навор аз ҷои ҳодиса: Сӯхтор дар Хуҷанд. Ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ, шоми 21-уми октябр дар Хуҷанд бозори масолеҳи сохтмонии "Баракат" сӯхтааст. Бозор дар шоҳроҳи Хуҷанд-Конибодом ҷойгир аст. Иллати оташ гирифтанаш ҳанӯз маълум нест. Дар ин бозор соли 2018 низ сӯхтор сар зада буд. (видео)

- "Сарбор" мушкили занони тоҷикро бозгӯ мекунад. Як коргардони тоҷик азҳампошии оилаҳо ва бесаробон мондани занони ҷавонро дар Тоҷикистон дар филми "Сарбор" ба тасвир кашидааст. Манзаралӣ Шералӣ мегӯяд, сарнавиштеро рӯйи навор овард, ки худ шоҳидаш буд. Азҳампошии оилаҳо дар Тоҷикистон солҳо боз масъалаи доғ мемонад (видео)

- Роҳи Узбекистон ба рӯи мусофирбарҳои Тоҷикистон боз шуд. Баъди якуним соли "танаффус", рӯзи 18-уми октябр, ҳаракати мусофирбарҳо дар роҳи Хуҷанд-Тошканд-Хуҷанд дубора оғоз шуд. (видео)

- Шикоятҳо аз набуди нерӯи барқ дар деҳоти Тоҷикистон. Бо наздик шудани фасли сармо шикояти сокинон аз бебарқӣ ва маҳдудияти барқ дар хонаҳо зиёд шудааст. Ҳамарӯза даҳҳо нафар ба саҳифаҳои Радиои Озодӣ аз бебарқӣ дар манзилашон шикоят мекунанду аксу навор мефиристанд (видео)

- Филм дар бораи Давлатов баҳс барангехт. Ҳадаф аз таҳияи он чӣ буд? "Суғдсинамо" филмеро дар бораи Саидмурод Давлатов ба намоиш гузошт, ки баҳси ҷонибдорон ва мухолифони ӯро барангехт. Давлатовро дар Тоҷикистон ва берун аз он ҳамчун равоншинос ва мураббии соҳибкорони навроҳ мешиносанд, вале назарҳо нисбат ба ӯ ва кораш якранг нест. Тафсилотро дар видео бинед. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.​

XS
SM
MD
LG