Ссылки доступа

Бе мухолифин, бо рақибони "худӣ". Мирзиёевро дигарбора президенти Узбекистон интихоб кардаанд


Шавкат Мирзиёеви 64-сола, ки ҷонибдоронаш ӯро барои ба роҳ мондани ислоҳот ситоиш мекунанд, аммо мунтақидон ба ваъдахилофӣ муттаҳам менамоянд, дигарбора президенти Узбекистон шуд. Вай то панҷ соли дигар ҷилави қудратро дар ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон ба даст хоҳад дошт.

Интихоботи раёсати ҷумҳури Узбекистон рӯзи 24-уми октябр баргузор шуд. Ин интихоботи шашуми президентӣ дар Узбекистон аз замони касби истиқлоли ин кишвар дар соли 1991 мебошад.

Зайниддин Низомхоҷаев, раиси Комиссияи марказии интихоботи Узбекистон, 25-уми октябр гуфт, Шавкат Мирзиёев, номзад аз Ҳизби либерал-демократ, 80,1 дарсади ройи шаҳрвандонро соҳиб шуд. Мирзиёев дар интихоботи соли 2016-ум 88,6 дарсад овоз гирифта буд.

Ба иттилои ӯ, Мақсуда Ворисова аз Ҳизби мардумии демократӣ 6,6%, Алишер Қодиров аз ҳизби “Эҳёи миллӣ” 5,5%, Нарзулло Обломмуродов аз Ҳизби экологӣ 4,1% ва Баҳром Абдуҳалимов аз Ҳизби “Адолат” 3,4% овоз гирифтаанд.

Раиси Комиссияи марказии интихоботи Узбекистон мегӯяд, то ин дам ҳама варақаҳои ройдиҳиро ҳисоб карданд. Тибқи иттилои расмӣ, дар интихобот беш аз 16 миллион кас ё 80,4 дарсади шахсони соҳиби овоз ҳузур доштанд.

“Интихобот дар шароити рақобати воқеии номзадҳо, тибқи меъёрҳои байнулмилалӣ ва қонунгузории миллӣ баргузор шуд”, -- гуфт Низомхоҷаев. Аммо мақомоти Узбекистонро барои набудани рақобати воқеӣ, аз ҷумла роҳ надодани мухолифин дар интихобот, танқид мекунанд.

Се ҳизби мухолиф, ки сабти ном нашудаанд, эълон карда буданд, нияти пешбарии номзадҳои худро доранд. Бо вуҷуди талошҳояшон ҳеч кадом сабт нашуданд ва, аз ин рӯ, натавонистанд, дар интихобот номзад дошта бошанд.

Мирзиёев бо чаҳор рақиби начандон маъруф вориди рақобат шуд, ки бештар ҷонибдори ҳукумати феълии Узбекистон ҳастанд.

Раҳбари Ҳизби “Эрк” Муҳаммад Солиҳ, ки аз солҳои 90-ум дар Туркия ба сар мебарад, интихоботи президентиро дар Узбекистон "қалбакӣ" хонд. Ӯ гуфт: "Ин интихобот як маъракаи қалбакӣ аст. Интихоботи қалбакӣ дар коди генетикии режими сиёсии Узбекистон нуҳуфтааст. Ҳама интихоботҳо дар Узбекистон бар рӯйи ин код асос ёфтаанд ва он бозмонда аз Ислом Каримов аст, ки имрӯз Шавкат Мирзиёев аз он истифода намуд."

Солиҳ афзудааст, интихоботи рӯзи 24-уми октябр аз интихоботи президентии соли 1991, ки барои эълони Каримов ҳамчун президенти Узбекистони мустақил “бо тақаллуб” сурат гирифта буд, фарқ надорад.

Ҳайати байнулмилалии нозирон зери раҳбарии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) рӯзи 25-уми октябр гуфт, бо вуҷуди баъзе ислоҳот, "интихобот, воқеан, пуррақобат набуд". Дар арзёбии ибтидоӣ ё пешакии САҲА гуфта мешавад, "номзадҳо аз чолиш ё танқиди раиси ҷумҳурии ҳозира худдорӣ варзиданд".

Дар ҳамин ҳол, нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Шӯрои туркӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой гуфтанд, ки интихобот “одилона, шаффоф ва бидуни қонуншикании ҷиддӣ” сурат гирифт. Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, Владимир Путин – президенти Русия ва Александр Лукашенко – ҳокими худкомаи Беларус Мирзиёевро бо пирӯзӣ табрик гуфтанд.

Шавкат Мирзиёв пас аз фавти Ислом Каримов дар соли 2016 ба қудрат расид. Ӯ дарҳои Узбекистонро, ки сераҳолитарин кишвари Осиёи Миёна ба шумор меравад, ба рӯйи сармоягузорон боз кард, робитаҳои кишварро бо ҳамсоягонаш беҳбуд бахшид, маҳдудиятҳои ҳукумати Ислом Каримов дар робита ба озодиҳои диниро коҳиш дод ва даҳҳо зиндонии сиёсиро озод сохт.

Вале айни замон ба монанди Ислом Каримов аз қудрати зиёди сиёсӣ бархурдор аст ва наздиконаш низ ба суистифода аз ҷойгоҳи сиёсии вай барои сарватҷамъкунӣ муттаҳам ҳастанд.

Таъсири пандемияи коронавирус ба дастовардҳои аввалияи иқтисодии вай соя афкандааст ва дар Узбекистон шумораи бекорон афзоиш ёфта, харҷи хонаводаҳо бештар шудааст. Мирзиёевро ба хотири саркӯби мунтақидони худ ва фаъолони сиёсӣ дар остонаи интихоботи президентӣ низ танқид мекунанд.

Шавкат Мирзиёев аз соли 2003 то 2016 дар мақоми нахуствазири Узбекистон кор кардааст. Дар солҳои истиқлолияти Узбакистон ҳеҷ каси дигар мисли ӯ чунин муҳлати зиёд дар як мақоми баланди давлатӣ кор накардааст. То ин мақом, Шавкат Мирзиёев ҳокими вилоятҳои Самарқанд (2001-2003) ва Ҷиззах (1996-2001) будааст.

XS
SM
MD
LG