Ссылки доступа

Заҳролудшавии гуруҳӣ дар Бишкек: 179 кас зиён дида, 50 тан бистарӣ шудааст


Дар натиҷаи заҳролудшавии гуруҳӣ аз ғизои як қаҳвахона дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон 179 кас ба бемористон муроҷиат кардааст.

Вазорати тандурустии Қирғизистон гуфт, аз он шумор рӯзи 26 октябр 50 тан дар бемористон бистарӣ шудааст.

Нахустин шикоятҳо аз заҳролудшавӣ рӯзи 23 октябр расонаӣ шуданд.

Заҳролудшудаҳо гуфтанд, баъди тановули ғизо аз қаҳвахонаи "Империяи питзо" худро бад ҳис кардаанд. Қаҳвахонаи мазкур дар шаҳри Бишкек ҳоло баста шудааст.

Ин дувумин ҳолати заҳролудшавии муштариҳои қаҳвахонаҳо дар як моҳи охир дар Қирғизистон аст. Миёнаҳои моҳи октябр дар ноҳияи Сузаки Қирғизистон низ 138 муштарии як ошхона заҳролуд шуда буд.

XS
SM
MD
LG