Ссылки доступа

Президенти Туркия тасмимаш дар бораи ихроҷи 10 сафири хориҷиро бекор кард


Президент Турции Реджеп Эрдоган
Президент Турции Реджеп Эрдоган

Раҷаб Эрдуғон, президенти Туркия тасмимаш дар бораи ихроҷи сафирони кишварҳои ғарбиро бекор кард. Дар ин бора Эрдуғон дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Анқараи Туркия хабар дод.

Вай гуфт, сафирон "ақбинишинӣ карданд" ва "дар оянда ҳангоми нашри изҳорот эҳтиёт мекунанд".

Пештар аз ин сафирони Канада, Фаронса, Финландия, Дания, Олмон, Ҳолланд, Зеландияи Нав, Норвегия, Шветсия ва ИМА бо нашри изҳороти муштарак гуфтанд, тасмим надоранд, дар умури дохилии Туркия дахолат кунанд.

Раҷаб Эрдуғон рӯузи 23 октябр ба Вазорати корҳои хориҷӣ супориш дод, ки сафирони даҳ давлати ғарбиро аз ин кишвар берун кунанд.

Ин хабар дар ҳоле пайдо шуд, ки сафирони панҷ кишвари аврупоӣ ба озодии Осмон Кавал, тоҷири шинохтаи турк, ки бо иттиҳоми даст доштан дар табаддулоти давлатӣ дар боздошт аст, садо баланд карданд.

Додситонии Истамбул ӯро дар кушиши табаддулоти давлатӣ дар моҳи июли соли 2016 айбдор ва боздошт кардааст.

Озодии ӯро дар ҳафтаи гузашта сафирони ИМА, Олмон, Ҳоланд, Канада, Зеландияи Нав, Дания, Финландия ва Шветсия дархост карда буданд.

Туркия, кишвари узви НАТО аст ва барои шомил шудан ба Иттиҳоди Аврупо номзад аст. Соли 2016 ҳазорон нафар дар ин кишвар бо гумони даст доштан дар табаддулоти давлатӣ боздошт шуданд ва ҳанӯз боздоштҳо дар ин робита давом доранд.

Созмонҳои байналмилалӣ Туркияро барои саркуби мухолифон интиқод мекунанд.

XS
SM
MD
LG